БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУШКИЛОТИ НОРАСОИИ ОБ БАРТАРАФ ГАРДИД

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша- чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  фаъолони деҳаи  Б.Раҳимзодаи  ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ аксияи ободонӣ зери унвони  “Якҷоя месозем!” баргузор гардид.

Дар рафти баргузории аксияи мазкур сокинон, барои таъмиру азнавсозии  хати оби нӯшокӣ ва полезӣ баромада, онро ба маблағи беш аз 8000 сомонӣ таъмир намуданд.  Бояд қайд кард, ки хатти обгузари мазкур, ки дар замони пеш аз Истиқлолияти давлатӣ сохта шуда буд, то ин давра фарсуда шуда сокинон аз норасогии об хусусан дар давраи кишту кори маҳсулоти кишоварзӣ мушкилӣ мекашиданд.

Сокинони ноҳия сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгтрӣ намуда, барои ободу зебо гардидани маҳалли худ камари ҳимат бастанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg