Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар якҷоягӣ бо волонтёрони назди Кумитаи иҷроия бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи нави бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳро дар байни сокинони маҳаллаҳо ва деҳаҳои ноҳия ҳамарӯза бо маром идома дода истодаанд.
Ин навбат оид ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ва эҳтиёт аз хатару оқибатҳои бемории коронавирус дар ҳамкорӣ бо ихтиёриён бо сокинони деҳаи Лолазори ҷамоти деҳоти Истиқлол корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули «хона ба хона» ба роҳ монда. Сокинон таъкид намуданд, ки яке аз омиҳои асосии пешгирии ин беморӣ безараргардонии ҷойи кор ва макони зист, риояи қоидаҳои бехатарии беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор, истифодаи ниқоб ва риояи фосила ба шумор меравад.