Н.ХУСРАВ. Бахшида ба 27- солагии таъсисиёбии ҲХДТ ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар боғи фарҳангии ноҳия бо ҷалби ҷавонон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, волонтёрони ҳизбӣ Аксияи ҳизбӣ умуминоҳиявӣ таҳти унвонии «Тозагии маҳал» гардида, шоҳроҳи боғи фарҳангӣ ва бехи гулҳо аз алафҳои бегона тоза ва дархтони ҳамешабз нарм ва сафед карда шуд.
Масъулини Кумитаи иҷроия дар баргузории Аксияи ҳизбӣ иштирок ва баромад намуда, қайд карданд, ки мо раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш мебахшем. Барои ин амали нек мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, камбудиву норасогиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, ҷашнҳои таърихии давлатамонро дар руҳияи баланди ватандорӣ истиқбол намоем.