БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҒВОАНГЕЗӢ НИШОНА АЗ КӮРНАМАКИСТ

ВОКУНИШ. Ҳодисае, ки санаи 25.11.2021 дар шаҳри Хоруғ рух дод, онро гурӯҳҳои зархарид ба нафъи худ истифода намуда, дар сомонаҳои интернетӣ наворҳоеро паҳн намуда истодаанд, ки бо мақсади иғвоангехтан мардумро гумроҳ менамоянд. Ин гуна бешахсиятҳо бехабар аз онанд, ки мардуми тоҷик бо Сарвари оқилу хирадмандаш баҳри орому осуда гардонидани як кишваре, ки дар вартаи парокандагӣ қарор дошт, чи қадар талошу заҳматҳо кашидаанд. Болои ин ҳама хоинони Ватан дар шабакаҳои интернетӣ баромад намуда, орзу доранд, ки дар кишваре, ки 30 сол дорад ва рӯ ба инкишофаст, боз дубора ҷанг барпо намоянд. Сокинонро аз хонаву дар, падарро аз писар, писарро аз модар, аз хешу ақраб ҷудо гардонанд. Вале ин ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳама давру замон шахсиятҳое пайдо мегарданд, ки оромии ҷомеаро вайрон намуда, мехоҳанд ҳадафҳои нопоки худро амалӣ созанд. Дар ниҳоди онҳо номи инсоният ҷойи худро гум кардааст ва набояд ин гуна шахсиятҳоро “Инсон” шумурд. Бояд донист, ки шӯурангезон аз душманон буда, касе то ҳол аз амал кардан ба гапи душман манфиат надидааст.

Вале бо итминони комил метавон гуфт, ки мардуми сарбаланди Бадахшон бо маърифат ва фарҳанги волои худ ин лаҳзаи ҳассосу ногуворро паси сар намуда, баҳри роҳ надодан ба ҳар гуна гуфтаҳои бардурӯғ ва беасос бо сабру таҳаммул мемонанд ва зиракии сиёсиро аз даст нахоҳанд дод. Иловатан мо ҳама мардуми сарбаланди тоҷик бояд якҷояву якфикр буда нагузорем, ки душманони миллат аз берун истода бо дастони худи мо оромӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамонро халалдор созанд.

Ҳасанзода Тағоимурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg