БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ - БОИГАРИИ ДАВЛАТ

ФАРХОР. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба  пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Фархор  гардиш доир намуданд.

Масъулин оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуданд, ки роҳи беҳтарини пешгирӣ  ин маълумоти саҳеҳ ва мукаммал оид ба бемориҳои сироятӣ доштан аст. Худ ва дигаронро аз сироят ёфтан ҳифз намуда, қоидаҳои гигиениро, аз қабили тозаю озода нигоҳ доштан ва ҳамеша аз воситаҳои гигиенӣ истифода намудан зарур мебошад. Ҳамзамон, ба аҳолӣ маводҳои таблиғотӣ дастрас карданд.

Инчунин, дар масъалаи сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ва саминҳои наздиҳавлиги низ масъулин суҳбат намуда , ҳамзамон аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg