БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ АСТ

АНДЕША.  Яке аз неъматҳои бузурги ин дунё китоб аст, ки  метавонад  ақлро сабзонад.  Китоб сарчашмаи  илму  дониш  буда,  моро ба ҷаҳону  олами ҳастӣ ошно  месозад. Китоб  чизест, ки  моро  фиреб  намедиҳад  ҳар  қадар назар  кунӣ донишат  зиёду табъат  шод ва  забонат  кушода  мешавад.

Бидон, ки аз он метавонӣ дар як моҳ ҳикматҳоеро биомузӣ, ки аз даҳони олимон дар як сол ҳам ҷамъ карда натавонӣ. Китоб хидматгори беминату итоатгарест, ки шабу рӯз дар хизмати туст. Ҳатто дар сафар ҳамсафар ва дар иқомат ҳамзисти туст. Китоб муаллимест, ки аз ту чизеро пинҳон намекунад ва муниси туст дар танҳоӣ. Китоб муаллим ва ҳамроҳи хубест, ки ҳар куҷо равӣ аз ту чизе талаб намекунад.  Китоб роҳнамоест, ки туро аз бекориву беҳудагӯйиву суханчинӣ дур месозад. 

Шахсе, ки пайваста китоб мехонад, монанди дарахтест, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро тавону имону виҷдон мебахшад. Китоб васила аст барои дур кардани ғаму андӯҳ, аз бекорӣ ва гурӯҳи бекорон, равону ва буро шудани сухан, сабзидани ақл ва бузург шудани зеҳн, болоравии маърифат ва ҳамчунин  моро метавонад ба қуллаҳои баланди зиндагӣ  оварда расонад.  Шоири бузургвори  мо Абдураҳмони  Ҷомӣ  хуб баён  кардааст:

          Бикун з-ин корхона дар кутуб рӯй.

          Хиёли хешро деҳ бо кутуб хуй.  

          Зи доноён бувад ин нукта машҳур.

          Ки дониш дар кутуб доност дар гӯр.

          Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст.

          Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Мо ҷавонон бояд  шукронаи соҳибистиқлолии кишвар кунему аз неъматҳои он бояд самаранок истифода бурда, ҳамеша бояд ба китобхонӣ раҳсипор бошем.

Олимов Р., мутахасиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg