БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУШМАНОН БА МАҚСАД НАРАСИДААНД...

ВОКУНИШ.  Ҳодисаҳои Хоруғ бори дигар душманони моро хурсанд карду дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол шуданд, вале тирашон зуд хок хӯрд. Ин аблаҳон ҳамон вақт ором мешаванд, ки рехтани хуни тоҷикро бинанду ҳаловат баранд.  ҳама ҳолату вазъият Ҳукумати кишвари мо ҷонибдори сулҳ ва зиндагии осудаву оромии шаҳрвандон мебошад. Инчунин,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон таъкид намуданд, ки “Ҷавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоем, ки миллати тоҷик, миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш намоем, ки истиқлолияти миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ дорем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Оре, суханҳои Пешвои миллат  барҳақ дурустанд. Ва мо мардуми шарафманду сулҳофари тоҷик масъулем, ки роҳи бунёдкориву созандагиро пеш гирифта, истиқлолияти кишвари азизамонро чун гавҳраки чашм нигоҳ дорем. Ваҳдати миллиро пос дорем, тинҷию амониро муқаддас шуморем, осоиштагию осудагии аҳли хонадони тоҷикро ҳифз намоем.

Имрўз мутаассифона шомилшавии ҷавонони ноогоҳ ва бисёре аз миллатҳои дунё хатари афзояндаи яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа-терроризм ва ифротгарориро боз ҳам афзудааст. Имрӯз ҷавонони ҳушманду неруманди тоҷикро лозим аст, ки Ватан бисозад, Ватан обод кунад, на ин ки яроқ гирифта, бар зидди худ оташ кушояд.

Барои пешгирӣ ва бартараф кардани хатари ифротгароӣ, пеш аз ҳама аз илм омӯхтан ва ташхиси бартараф кардани як қатор омилҳои хатарнок  зарур мебошад. Дар мадди аввал омили асосӣ, пешгирӣ  намудани шомилшавии фарзандони тоҷик ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусиятҳои террористӣ дошта мебошад. Зеро пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгароию террорист имрӯзҳо ҳадафи ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  гардидааст. Борҳо аз тариқи воситаҳои ахбори омма, махсусан рӯзномаву маҷаллаҳо таъкид мегардад, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, таҷовуз ба ҳаёти ҷамъиятӣ, бенизомию бетартибӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, барангехтани низоми миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Инро ҷавонони азизи мо бояд хуб дарк кунанд, зеро ҳеҷ гурӯҳи бегона барои қишри ҷавони мо дар оянда Ватан бунёд намекунанд. Ҷавонони боандеша бояд аз рӯи ақли солими худ ва бо ризоияти волидон кор кунанду қадам гузоранд, на бо фармони ким кадом хориҷие, ки аслу насабашро намедонанд. Ҷавони соҳибхирад ҳеҷ гоҳ бо ифротӣ шуданаш намефахрад. Ӯ бо истиқлолият ва Ваҳдати миллии мардуми кишвараш меболад.

Бояд ҳар як шаҳрванди ҷомеа ва ҳар як ҷавони солимфикр ва ватандӯст барои ҳифзи истиқлолияти меҳани худ талош варзад, зеро ҷавонон ояндаи миллатанд.

Р. Ятимова, мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg