БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

ҚУБОДИЁН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобуддин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти  «Шифо» вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, кормандони масъули ҳизбӣ ба иштирокчиён дар бораи электроникунонии фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, кушодани саҳифаи фейсбукии ташкилоти ибтидоӣ, ба расмият даровардан ва тарзи дуруст ҷо ба ҷо намудани ҳуҷҷатҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки он  мавзӯъҳои мубрами рӯзро дар бар мегирад,  андешаронӣ намуданд. Инчунин, дар идомаи сухан масъулин нисбати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози сухан карда, таъкид доштанд, ки зар як ҷавонмарди синни даъватӣ бояд ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардида, қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан адо намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg