БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН

(Таассурот аз саёҳати кормандони пешсафи ҳизбӣ ба мавзеъи зебою таърихии  Искандаркӯл)

АНДЕША. Воқеан ҳам Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст. Инро медонистам вале баъд аз саёҳате, ки ба мавзеи зебоманзару дилфиреби Искандаркӯл, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандони ҳизбӣ дар вилояти Хатлон барои кормандони пешсафӣ ҳизбӣ ташкил гардида буд, пурра мутмаин шудам.

Дар бораи мавзеъи таърихии Искандаркӯл дар оинаи нилгун дида будам, шунида будам, хонда будам, вале аз наздик бо чашми сар надида будам. Чуноне, ки мегӯянд: “Шунидан кай бувад, монанди дидан”,  ҳангоми саёҳат ба мавзеъи таърихии Искандаркӯл маро чунин ҳисиёте фаро гирифт, ки бо сухан ифода карданаш ғайри имкон аст. Боду ҳавои форам, мавзеъи зебои диданибоб, кӯҳҳои сар ба фалак кашида ва аз ҳама ҳайратовару зеботарин ин шаршараи кӯли мазкур буд, ки бо диданаш дар ҳақиқат кас шукрона мекунад, ки дар чунин Ватани биҳиштосо таваллуд шудаасту зиндагӣ мекунад.

Бисёри шахсон орзу мекунанд, ки барои саёҳат кардан сафар ба мамлакатҳои хориҷа намоянд. Аз ҷумла ман ҳам яке аз онҳо будам. Вале баъд аз саёҳате, ки ба яке аз мавзеъҳои таърихӣ намудем ба хулосае омадам, ки ба монанди Тоҷикистон ягон кишвар чунин зебову дилнишин, фораму дилфиреб буда наметавонад. Пеш аз оне, ки ба мамолики ғайр сафар намоем ба андешаи ман беҳтар аст, ки ҳар як шахс аввал аз тамоми гӯшаву канори диёри хеш дидан намояд, сафар намояд, аз зебогиҳое, ки Худованд ба мо ато намудааст, бархурдор гардад.

Дар охири таасуротам, пеш аз ҳама, ба раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Миралиён Қиёмиддин миннатдории хешро баён менамоям, ки барои ҳавасманд гардонидани мо кормандон рейтинги ҳизбиро ташкил намудаанд, ки мувофиқи ин рейтинг кормандоне, ки бештару хубтар фаъолият менамоянд ба чунин саёҳатҳо сафарбар карда мешаванд, ки ин ба мо имконият медиҳад боз ҳам беш аз ҳар вақта дида хубтару беҳтар фаъолият намоем ва саҳми худро барои пешрафти диёри азиз гузорем.

Мирзоева Г, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg