БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТ ВА КУМАК БА ШАХСОНИ ТАНҲО АМАЛИ ХАЙР АСТ

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои бандҳои нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва кумак расонидан ба шахсони эҳтиёҷманд, барҷомонда ва танҳо масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо ҷалби намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  ба кумак ва аёдати бобои Амирхон рафтанд.

Бобои Амирхон истиқоматкунандаи кӯчаи Бурӣ Ҳакимови ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия буда, танҳо зиндагӣ мекунад. Мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Юсупов Баҳром дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба аёдати ин шахс рафта, хонаи истиқоматии бобои Амирхонро рӯбу чин намуда, гирду атрофро ба тартиб дароварданд ва инчунин меваҳои пухта расидаро чида,  барои фсли зимистон захира  карданд.

Аз ин иқдом Бобои Амирхон хеле шод гардида, ба ҷавонон дуо хайр дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg