БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТКОРОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

ВОКУНИШ. Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалу ҳаракатҳои ғайриинсониву экстремистии ин гурӯҳҳоро сахт маҳкум мекунанд. Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш ва фоҷиаовар мегардад.

Терроризм яке аз падидаҳои номатлуб ва зиёновару нангини зулмовар ба ҳисоб рафта, ҳадафи он пароканда кардани якпорчагии давлат ва қатлу куштор буда, саркардагони он бо ин роҳ хостгори ҳокимияти мутлақ барои амалигардонии мақсаду ниятҳои нопоки худ мебошанд.

Гурӯҳҳои хиёнаткор, ки чашми некбин надоранд аз хориҷи кишвар истода ба сӯи Тоҷикистони азизамон сангпартоӣ мекунанд. Ин хиёнаткорон орзу доранд, ки дар кишвари мо ба мисли қазияи шаҳри Хоруғ худое накарда як ҳодисае рух диҳаду ин бадсириштон аз фурсати муносиб истифода бурда, бо фейкҳои сохтаи худ мардумро гумроҳ намоянд. Лекин хушбахтона мардуми Тоҷикистон, ҷавонони зодаи солҳои соҳибистиқлолӣ, ҳам аз ҷиҳати ақлонӣ ва ҳам аз ҷиҳати фикронӣ хеле пешрафт карда, ҳаргиз ба доми ин бадхоҳони миллат намеафтанд.  Онҳо бо ин амали худ бори дигар исбот карданд, ки на барои пешрафту тараққиёти Тоҷикистон ё беҳбудии зиндагии як тоҷикистонӣ, балки боз ҳам ҷалб сохтани таваҷҷуҳ ба сиёсати дохилии Тоҷикистон талош доранд.

Аз ин ҷо, моро зарур аст, ки дастаҷамъона алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб  муборизаи беамон барем. Нагузорем, ки ҳеҷ як нафар ҷавони кишвар ба доми ин бадхоҳон афтода, ба ҷони ҷавонаш ҷабру ба Ватан хиёнат намояд.

Расулов А.,  муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg