БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН ОРОМИЯТ ОРОМИИ МОСТ!

ВОКУНИШ. Ободии Ватан ва пешрафту шукуфоии он барои ҳар як шаҳрванд масъулияти бузург аст ва ояндаи рӯшани давлату миллат низ аз андешаи созгор ва ба ояндаи меҳан хушбин будан оғоз меёбад. Ҳар як инсон муваззаф аст, ки барои танзими муносибатҳои ҳуқуқию ҷамъиятӣ мутеи қонун бошад. Беқонунӣ ва риоя нагардидани тартиботи ҷамъияти бешак ҷомеаро ба сӯи нооромию ноамни таҳрик намуда, боиси зери суол рафтани асосҳои сохтори конститутсионӣ дар кишвар мешавад. Тавре маълум аст, ҳодисаҳои солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон маҳз аз бесуботию ноамнӣ, суст шудани пояҳои давлатдорӣ ва бепарвоию бетаваҷҷуҳии сохторҳои зидахли мамлакат оғоз ва боис ба қатлу куштори инсонҳои бегуноҳ, хисороти зиёди иқтисодӣ дар кишвар шуданд. Кашидани ин ҷабри нангини таърихӣ барои мардуми мо хеле гарон ва боиси даҳсолаҳо ба қафо партофтани рушди хоҷагии халқи мамлакат гардид.

Имрӯз низ доираҳои манфиатдор кӯшиш ба он доранд, ки авзои кишвари моро дар доираи танишҳои андак хеле бузург нишон дода,  воқеаҳои талху нанговари солҳои 90-умро сари мардуму миллат таҳрик созанд. Бешак, лозим меояд, ки дар ин масир бояд ҳар як инсони соҳибақлу соҳибватан эҳтиёткорона ва бо назардошти манфиатҳои умумимиллӣ мавқеи худро матраҳ созад. Зеро як андешаи носолиму тавтеаомез боис ба як оташи калони хомӯшнашаванда шуда, боиси халалдор гардидани сулҳу субот дар ҷомеа мешавад.  Ба ақидаи дигар, шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз партовгоҳи ахлоту афкори инсонҳо шудааст ва дар ин масир ҳама худро сиёсатшинос муаррифӣ сохта кадом маълумотеро, ки ҷоиз медонанд, мунташир месозанд.

Мусаллам аст, ки ахбори носаҳеҳу носанҷидашуда дар аксар вақт ба манфиати ҷомеа нест ва албатта боиси нороҳатӣ дар миёни аҳли ҷомеа мегардад.

Айнан ҳамин ҳолат дар пасманзари ҳодисаи рӯзи 25.11.2021 дар вилояти Бадахшони кӯҳӣ рӯйдода ба назар расида, гурӯҳҳои манфиатдор онро бо ҳадафҳои нопоку ҷаҳли дар шабакаҳои иҷтимои паҳну парешон ва мардуми кишварро бо роҳи гул задан мехоҳанд, ки ба бозиҳои пасипардагии худ  ворид созанд. Воқеан, ҷинояткор дар ҳеҷ давру замон бахшида намешавад ва бояд ӯ дар назди қонун ҷавоб гӯяд.  Ва маҳдуд кардани доираи ҳуқуқдорӣ ва амалкунии як шаҳрванд ба хотири риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва эҳтирому эътирофи ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон аст. Дар сурате, ки Гулбиддин Зиёбеков дар даст яроқ дошт ва пайваста бо гурӯҳии муташаккили ҷиноятӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекард, хоҳу нохоҳ давлат ва Ҳукумат муваззаф аст, ки барои пешгирии ҳодисаҳои нангин садди роҳ шуда, бобати оромии ҷомеа иқдом намояд. Бо вувуди  меҳтарсолорию садди роҳи хизмати кормандони сохторҳои давлатӣ шудан номбурда дар даст  яроқи ғайриқонунӣ дошт ва мавҷудияти яроқи оташфишон худ далели он аст, ки соҳибаш ҳатман як рӯз аз он истифода мекунад ва ин албатта ҷиноят аст.

Бинобар ин месазад, ки дар таҳлилу баррасии масъала аз рӯи кибру ғурур ва манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ муносибат накунем, зеро таҷрибаи талхи давлатдории ҳамсоя -Афғонистон барои ҳар як инсони дурандеш дарси воқеист. Афрӯхтани оташ осону хомӯшсозии алангаи оташ кори хеле мушкил аст ва мо ҳамаи паёмадҳои нохуби ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронида, хостгори дубора доғдор намудани номи миллат нестем.

Бадахшон пораи хоки Тоҷикистон ва хар як сангу хоки он барои ҳамаи мо азизу муқаддас аст. Бинобар ин месазад, ки ба ҷараёни ҳодисаҳо аз назари ақли солим баҳогузорӣ намоем ва нагузорем, ки корди дасти душманону бадхоҳони миллат дастак ёбад. Он чизе, ки моро ба қуллаҳои муваффақияту музаффарият мебарад, ин якдилию якдигарфаҳмӣ ва ваҳдату ҳамгироист, ки бояд мо онро чун гавҳараки чашм ҳифз созем.

Т.Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg