Ҷ.БАЛХӣ. Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҳудуди шоҳроҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ шанбегӣ баргузор гардид.
Дар шанбегӣ шоҳроҳи ноҳия аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза карда шуда, гулҳои мавсимии рангоранг шинонида шуд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар оянда низ баҳри анҷоми корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани кишвари маҳбубамон -Тоҷикистон бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ кӯшиш ба харҷ медиҳад.