БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон сиёсати хирадмандони Пешвои миллатро дар амал татбиқ намуда истодаанд

ХУРОСОН. Дар деҳаи Томчии ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим, раиси деҳаи Томчӣ Қурбонов Раҷаббек бо сокинони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон Азим оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати пешгирифтаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ,  дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12  майи соли 2018 бармеояд, инчунин оид ба сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик,  ки рӯзи 2 июни соли равон бармеояд, суханронӣ намуд.

Иштирокдорон суханрониҳои Саидзода Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ  карда, иброз доштанд, ки  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  камари ҳиммат хоҳем баст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg