ВОКУНИШ. Ҳар як ҳодисаро ба манфиати худ истифода намудани бадхоҳони миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон як бору ду бор нест.
Соҳибистиқлолии Точикистонро имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст.
Имрўз тамоми мақомотҳои давлатӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда фаъолият доранд.Ҳар як кору кирдори шахс дар доираи қонун дида, санҷдида ва баҳо дода мешавад, барои ин вақт лозим аст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон як бор аз гирдиҳамоии бадхоҳони миллату давлат дар гирдоби талхи зиндагӣ афтида қариб буд, ки миллат парокандаву давлат ба нестӣ равад.Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ба хубӣ дарк мекунад, ки ҳар як кору рафтори шаҳрвандон дар доираи қонунҳои амалкунанда баҳо дода мешавад.
Ба мардуми шарифи вилояти Бадахшон чун як узви ҷудонашавандаи Тоҷикистони азиз сабру таҳаммул, бахту зиндагии пурфайзро таманно дорам.
Шарофзода Ҳ., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус