ВОКУНИШ. Ман аз ҳамватанони азизамон, алалхусус аз сокинони сарбаланди Бадахшон хоҳони онам, ки сабру таҳамулпазириро пеша намоянду ба эҳсосот ва ба фиребу найранги иғвоангезону дассисаҳо дода нашаванд. Зеро қазияе, ки дар ноҳияи Роштқалъа рух дод, инро душманони миллату давлати тоҷикон ба нафъи худ истифода бурда, дар сомонаҳои интернетӣ наворҳоеро пахш намуда истодаанд, ки ба ин ҳодисаи рухдода тамоман алоқаманд нест.
Дар яке аз наворҳое, ки душманони миллати тоҷикон дар сомонаи интернетии (YouTube), ки бо номи “Митинг дар Хоруғ” гуфта пахш намудаанд, дар навор хуб дида мешавад, ки баъзе аксҳои дар навор нишондода шуда агар хубтар назар кунем аз баетартибиҳои давлатҳои Европа ҷамовари карда шуда барои вайрон кардани мафкураи мардуми тоҷик, барои иғвоангезӣ байни мардум пахш карда мешавад.
Бинобар ҳамин аз ҳамватанон алалхусус аз ҷавонон ва муҳоҷироне, ки берун аз Ватан ҳастанд ва ин ҳодисаҳоро бо воситаҳои шабакаҳои интернети тамошо мекунанд, гуфтаниам, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ва бар маводҳое, ки нисбати ин қазия дар сомонаҳои интернетӣ пахш мешаванд аксариаташон маълумотҳои бардуруғ мебошанд додо нашаван.
Зеро чунин сенарияҳоро дар дигар давлатҳо бадхоҳони миллати тоҷик алакай истифода карданд.
Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизиамон зиракии сиёсиро аз даст надода намегузоранд, ки нақшаҳои нопоки душманони миллати тоҷик амали гардад.
Зеро ки гуфтаанд “Қувваи мушт дар панҷ ангушт” аз ин лиҳоз мо ҳама бояд якҷояву, якфикр бошему нагузорем, ки душманони миллат аз берун истода бо дастони худи мо оромӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамонро халалдор кунанд.
Ҷовидон Мирзоқулов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус