БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ БОШЕД!

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  якҷоягӣ бо волонтёрони назди  Кумитаи  иҷроия  бо  мақсади  пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи нави бемории  коронавирус корҳои  фаҳмондадиҳро   дар  байни  сокинони маҳаллаҳо ва деҳаҳои  ноҳия  ҳамарӯза бо маром идома дода  истодаанд.     

Ин  навбат  оид ба  пешгирӣ  аз  сироятёбӣ  ва эҳтиёт аз хатару оқибатҳои бемории  коронавирус     дар  ҳамкорӣ бо ихтиёриён бо сокинони деҳаи   44 –Чашмаи ҷамоати  деҳоти  Истиқлол корҳои  фаҳмондадиҳиро бо  усули  «хона  ба  хона»  баргузор   намуда, фаҳмонида  доданд, ки яке аз  омили  асосии  пешгирии  ин  беморӣ безараргардонии  ҷойи  кор  ва макони  зист,  риояи  қоидаҳои  бехатарии  беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор, истифодаи  ниқоб  ва   риояи  фосила  ба  шумор  меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg