БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДУРАНДЕШОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Н.ХУСРАВ.  Дар  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умуии  №26 –и ноҳияи Носири Хусрав  вохӯрии  раиси  Кумитаи  кор  бо  ҷавон  ва  варзиши  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Раҳмонзода  Абдулло Қурбоналӣ  бо  ҷавонону  наврасон ва сокинони касбу кори гуногун  баргузор  гардид.

Вохӯриро  И.в. раиси  ноҳияи  Носири  Хусрав  Шарифзода Маҳмадаюб  кушода, мақсади мулоқотро ба ҳамагон фаҳмонид.   

Раҳмонзода Абудлло дар  баромади  худ   қайд  намуд, ки  дар  шароити  мураккаб ва торафт мураккабшавандаи  ҷаҳони  муосир ба  вуҷуд овардани  тафаккури миллии  созанда, ки  ба  дарки  манфиатҳои  миллӣ  водор  месозад  ва  метавонад  мову  истиқлоияти  моро аз  хатарҳои  ҷаҳони муосир  эмин нигоҳ  дошта,  барои  расидан  ба  ҳадафҳоямон дар  самти таҳким бахшидани давлатдории  миллӣ комёб созад, вазифаи аввалиндараҷаи сохторҳои  ҷавонон ва  аз ҷумла ҳар  як ҷавони  сокини  вилояти  Хатлон  мебошад.

Ҷавонони  мо  имрӯз аз  он  хушбахт ҳастанд, ки  дар  Ватанамон сулҳу ваҳдат  ҳукумфармост ва  мо  дар  партави соботу оромӣ. Ки  аз  ҷаҳду талошҳои  шабонарӯзии Пешвои  муаззами  миллат Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   сарчашма  мегирад, тамоми   зеҳну андешаи  худро баҳри  гулгулшукуфии  Ватани  биҳиштосоямон сафарбар  намоем.

Дар  замони  муоссир бештар  дастрас  будани  шабакаҳои  иҷтимоӣ ва  бо  ин  васила  истифода  шудани  ин  майдонҳо ҳамчун  макони  тарғиби  афкору  ақидаҳои  ифротии  гуруҳхои  манфури .кстремистӣ-террористӣ, тарғиби  оину  фарҳангӣ бегона дар  ҳар  лаҳза  таҳдидҳои  навро  ба  бор  меорад.  

Таъсири  ғайриқонунии  афроду гурӯҳҳои  манфур ба  муҳити  иттилоот метавонад ба  манфиатҳои  давлатӣ, ҷамъиятӣ ва  шахсӣ зарари  ҷиддӣ  биёрад. Аз  ин  рӯ  мо  ҷавононро мебояд, ки  сиёсати  хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои  миллатро пайравӣ  намуда, дар  таҳкими  истиқлолият, пойдории сулҳу  ваҳдат, ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ  ва  пешрафту  тараққиёти  Тоҷикистони  азизамон   саҳми  арзандаи худро  гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg