БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАДАХШОНРО АЗ МО ҶУДО НАСОЗЕД!

ВОКУНИШ. Бадахшон ва ё Суғду Хатлон маконест, ки ҳудуди марзию маъмурияш мутаалиқ ба Тоҷикистон аст ва болои хокаш хуни миллати тоҷик рехтааст. Агар ба шеваи маҳал гирем, ки онҳо Бадахшониву инҳо Суғдиву  шумо Хатлонӣ ҳастем, нуқтаи муҳимаш ин аст, ки мо тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳастем. Моро имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо  маҳалгароӣ намешиносад, балки ҳамчун миллати тамаддунофару бовиқору фарҳангии тоҷик мешиносанду эътироф кардаанд.

Ҳодисаи охири чанд рӯз қабл дар Бадахшони азиз рух дода наметавонад, ҳассосияту бадбиниву кинаро дар дили мардуми Бадахшон ҷо карда бошад, зеро ҷинояткор ҷинояткор аст ва  ӯ бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ва нуқтаи бисёр аз ҳама муҳим ин тақдир аст, ки риштаи умри одамӣ ба он вобаста аст ва куштану қатл кардан ва ё бо сабаби дигар аз олам чашм пӯшидан, албатта қалами тақдир аст.  Имрӯз беш аз 99 фисади мардуми Тоҷикистон мусалмон ҳастанд, эътимоди диниву дунявии мо назар ба дигар қавму миллатҳо боло аст ва мо худшиносу худогоҳ ҳастем.

Ҳодисаи дар шаҳри Хоруғ рӯи кор омада, албатта нақшаи дигари хоинону фурӯхташудагони кӯчаи одамият аст, ки мехоҳанд хоби орому зиндагии осоиштаи мардумро халалдор созанд.

Имрӯз хоинон дар хориҷа, бинобар сабаби дастгир ва ҷазо гирифтани чанд ҷинояткор дар Бадахшони тоҷикон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳангомаву дассисаҳои навбатии худро бофта истодаанд. Шаҳрванде, ки қонуни конститутсионии давлатро риоя накарда, зидди он мубориза ва ё саркашӣ мекунад, тибқи принсипҳои кодекси ҷиноятӣ ҷазо мегирад. Қонун ки будану аз кадом маҳал будани моро истисно намекунад.

Бо чунин далелҳо шаҳрванди Роштқалъаи Бадахшони тоҷикон Зиёбеков Г. ва дигар шарикони ӯ даст ба ҷиноят зада, хидматчии давлатиро латукӯбу шиканҷа ва масхара кардаанд. Мо имрӯз набояд маҳалгаро бошему Суғдро аз Ҳисор ва Хатлонро аз Бадахшон ҷудо созем, зеро мо як миллатем ва зери як сақф зиндагӣ мекунем, ки онро ном Тоҷикистон аст.

Аз ҷиҳати маълумотнокӣ гирем, имрӯз бештари аҳолии Бадахшон соҳибмаълумоту соҳибкасб ҳастанд ва барои шинохти иғвову дассиса ва ҳиллаву найранг  дар ҷомеае, ки онҳо зиндагӣ мекунанд, душвор нест.

Аз ибтидо то ба имрӯз садҳо ҳолатҳои кушта шудани як ҷинояткор дар вақти муқовимат нишон додан бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ  ба вуқӯъ пайвастааст, лек масъалаи мазкур боре мавриди ҳамоишу эътирозҳо нагаштааст.  Қатли шаҳрванди Роштқалъаи Бадахшони тоҷикон Зиёбеков Г. низ,  хусусияти қонунӣ дошта, ягон намуди ғараз ва дассиса вуҷуд надорад.

Мардуми сарбаланди тоҷик, хоса хоҳарону бародарони азизи Бадахшон вазъияти имрӯзаи Афғонистонро, ки имрӯз барои  мо тоҷикон дарси ибрат аст, фаромӯш насозем ва дарк созем, ки имрӯз душман дар таги дарамон омада истодааст.  Фикри амнияту субот ва фардои Тоҷикистон бояд дар қалбҳои ҳар як тоҷикистонӣ битапад. Қонуну тартибот набояд вайрон гардад, зеро ин ҳама ба осонӣ ба даст наомадааст.

Сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистони азизи мо ба як давлати ободу орому осуда мубаддал гашт. Мо мардуми хушиқболи даврони Истиқлолро мебояд, дар пайравӣ бо Пешвои ғамхор барои сулҳу субот кӯшиш намуда, барои пешравии Ватани маҳбубамон тамоми қувваи зеҳниву ҷисмонии худро равона созем.

Саёҳат Абдуллоев, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg