ВОКУНИШ. Чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирдиҳамоиҳои шаҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ВМКБ ва хоиноне, ки намехоҳанд вазъи кунунии киварамон ором гардад, дар дигар давлатҳо мебинем.
То ҳол ба назар мерасад, ки мардуми бо азобу шиканҷа ва кордонию далерии Пешвои муаззами миллат ба ин рӯзҳои осуда расидаанд, шукрона накарда даст ба чунин амалҳои зишт мезанад. Маълум мегардад, ки тарафдори аз он чанд нафар хоинони миллат, ки дур аз Ватани азизамон ҳастанд ва санги моломат ба домони кишварамон мезанад, ҳастанд. Ин гирдиҳамоиҳо ва вайрон намудани иншоотҳои давлатӣ барои мардуми фарҳангию тамаддунофари тоҷик немезебад. Ҳар чанд, ки раиси ВМКБ аз эътирозгаро даъват ба амал овард, ки майдонро тарк кунанд, аммо эътирозгарон ба сӯи раиси вилоят ва ҳамроёнаш санг партофта, дашному ҳақорат карданд. Раиси вилоят оид ба ҳодисае, ки дар рӯзи 25 ноябри соли ҷорӣ ба вуқӯъ омада буд, сухан ронда иброз дошт, ки корҳои тафтишотии Вазорати корҳои дохилии вилоят дар ин самт идома дорад ва гунаҳкорон мувофиқи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷозои ҷиноӣ кашида мешаванд.
Тағайзода Рустам, муовини раис - мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор