БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМИ БАДАХШОН БА СУХАНОНИ ПУЧУ БЕМАНТИҚИ ИФРОТИЁНИ НОХАЛАФ ГӮШ НАКУНЕД!

ВОКУНИШ.  Мо  мардуми  шарифи  кишвари  азизамон  ба Шумо сокинони    Бадахшон    муроҷиат намуда,  даъват  ба  амал  меоварем, ки  ба  найрангҳои   навбатии  душманони  миллат, нотавонбини аъмо  аз ҷоҳиливу нотавонбинӣ, ки бо дастгирии хоҷагони зархаридашон ба  сари  мардуми  азиятдидаи  мо  боз  санги маломату надомат  ҳавола намудаву   ҳисси бадбиниву   номеҳрубонии ононро  нисбати  сулҳу  суботи  комили  кишварамон  барохтан мехоҳанд,  ҳеҷ  гоҳ иҷозат  надиҳед.  Ҳодисаи  нангине, ки  дар  дар  маркази  Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  шаҳри  Хоруғ  рух  дод,  боиси  нигаронии  тамоми  аҳли  ҷомеаи  кишвар  гардид.   Ҳар  як  сокини  кишвар  ба  хубӣ  дарк  менамояд, ки  манфиатҳои  миллӣ, ифодагари  марзу  бум, сиёсат, давлат ва  рушду  нумуи зиндагии  инсонҳо  маҳсуб  мешаванд. Вазъи  имрӯзаи  олам ноором буда,  муноқишаҳои  мазҳабиву  миллӣ рӯ  ба  афзоиш  аст. Моро  имрӯз аз  ҳарвақта бештар  лозим аст, ки  дилҳоро пок аз  кинаҳо карда, ин  марзу  бумро  дар  амнияту осоиш нигоҳ дорем, ба  ҳар  қиммате, ки  набошад.            

Мутаассифона,  як гурӯҳи фарзандони нохалаф бо дастгирии гурӯҳҳои  террористӣ-экстремистии  ҲНИ, «Гурӯҳи 24»,  ки  ба ҳар восита доираи  гурӯҳҳояшонро фарохтар сохта, ба амнияти марзу буми ин кишвари тозаистиқлолу саодати ин мардуми озодандешу покизарӯзгор халал ворид намоянд. Имрӯзҳо  онҳо бозори  ҳангоматалабии  худро  гарм  сохта,  мардуми  шарифи  Бадахшонро  ба  гумроҳӣ  бурда, дар сомонаҳои    интернетӣ хабарҳои   дурӯғу  туҳматангез, дассисаю  иғвоҳои  навбатии  худро  нисбати  давлату  ҳукумати  феълии Тоҷикистон ва  иқдомҳои   инсондӯстонаю ватанхоҳонаи  Пешвои миллат, Президенти  Тоҷикистон  ва  Ҳукумати  Тоҷикистон барангехта  бо   тобиши  барои  худашон  маъқул   пешниҳод  намуда,  ҷомеаро ба ташвиш оварданӣ ҳастанд.

Мо   кулли  сокинони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон амалҳои   номатлубу  иғвоангези  як  гурӯҳ  шахсоне, ки  ғайриқонунӣ   амал  намуда, мардуми осоиштаи  Бадахшон, аз  ҷумла мардуми  тамоми  кишварамонро ба  вартаи  ҳалокатбори  ҷангу хунрезӣ ғарқ  карданианд,  маҳкум  менамоем.  Боварии  комил  дорем, ки  мардуми соҳиби иродаи матину ақли солими Бадахшон бояд дарк  намоянд, ки он ҳама  гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, ки  имрӯзҳо  дар  сомонаҳои  интернетӣ  пахш  мегарданду дар ҳаққи  Ҳукумату  давлат  раво мебинанд, рост набуда, балки фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди  миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омад, аз байн баранд.

Ҳодисаҳои  нангини  дар маркази  ВМКБ  ба  амал  омада  кулли  мардуми  кишварро  ба  таҳлука  андохтааст. Вазъи  гузаштаи  начандон  дур барои  мо  сабақест. Мо  мардуми  кишвар  шаҳди  ин  фитнаю  хусуматро  чашида  хулосаи  худро  баровардаем.   Имрӯз  дар кишар  низоми  давлатдории  миллӣ, волоияти  қонун, сохторҳои  қудратӣ  фаъолияти  густурда  доранд.  Ҳар  як  ҷиноят,  ҷинояткор  ва  гунаҳгор  дар  назди қонун беҷазо  намемонад.

Ба  мардуми  бофарҳангу  меҳмондӯсти Бадахшон  муроҷиат  намуда, хоҳиш  менамоям, ки  ҳаргиз  иҷозат  надиҳед, ки  нохалафони  даст  ба  иғво  зада ба  сари  мардум кулфату  ғам  оранд.  Хар  нафаре, ки  даст  ба  ҷиноят   мезанад  дар  асоси  Қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҷазои  худро мегирад. Боварии  комил  дорем, ки  мардуми  шарифи  Бадахшон  ҳеҷ  гоҳ  ба  ду  се  нафар   ҷавонони  фиребхӯрдаву ноогоҳ, ки  бо  дассисаи душманони  миллат даст  ба  нооромиҳо   задаанд,  иҷозат  намедиҳанд.

Бо  итминони  комил  метавон  гуфт, ки  дигар  мо  мардуми  шарифи  кишвар аз  ҷумла  сокинони  Бадахшон  нодон  нестем, дигар иҷозат  намедиҳем касе берун  аз  кишвар ё душаманони  миллати  мо  нақшаҳои  навини фитнаро  барангезанд.

Мо  ҳар  як  сокини  саодатманди  кишвар  шукрона  аз  он  бояд кунем, ки  дар як  давлати  ҳуқуқбунёду демократӣ кору  фаъолият  дорем. Дигар  намегузорем, ки ба пои  фарзандонамон  хоре  халад, шукронаи  сулҳу  ваҳдат ва  соҳибистиқлолии  Ватанамон  мекунем.

Муродов Раҳмон, муовини  раис- мудири шуъбаи ташкилӣ  ва кор бо кадрҳои  КИ  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg