ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ амалиёти муштараки умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” дар ҷамоати деҳоти ба номи “Кабуд Сайфуддин”, аз ҷумла деҳоти 16-солагии Истиқлолият, Селга ва Дарвоз доир гардид. Дар ҳашари умуминоҳиявӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” сокинон ба тоза намудани қабристонҳо, аз ҷумла тоза намудани дохилу атроф аз алаф ва рустаниҳои худрӯй, тоза кардани дарахтон аз шоху навдаҳои зиёдатӣ машғул шуда, дарахтони мевадиҳандаро шинонданд. Дар ин амалиёти умуминоҳиявӣ сокинон иштирок дошта, аз ҷумла имомхатибони маҳаллаҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзо, фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)