БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БА ВАТАН АЗ ГУМРОҲӢ САР МЕЗАНАД

ВОКУНИШ. Дар замони имрӯза баробари рушд ва инкишоф ёфтани техника ва технологияҳои нав, намудҳои нави терроризм, аз ҷумла  кибертерроризм, ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонанд. Ин нафарон бо ҳама ҷиноятҳои содиркардаи хеш имрӯзҳо шарм надошта, тариқи расонаҳои интернетӣ худро бегуноҳу мазлум нишон медиҳанд. Гӯё, ки пуштибони мардум бошанд. Аммо дар асл ин палидон бо ин роҳу усул нақшаҳои тарҳрезишудаи худро амалӣ карданианд.

Ин ҷоҳилон ва хоинони миллат дар мамалакатҳои бегона машварату нишастҳо ва саҳначаҳои хешро доир намуда, нисбат ба Тоҷикистон бо туҳмату буҳтон ва маълумотҳои дурӯғи худ баҳои манфӣ медиҳанд, сару садоҳои дурӯғин паҳн мекунанд. Аммо мардуми шарафманди тоҷик дигарбора ба суханони дурӯғини ин гурӯҳ гӯш надода, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба тарафдорӣ намуда, Ватани азизамонро бо роҳнамоиҳои Сарвари хеш боз ҳам ободу зебо мегардонанд.

Н. Каниева,  мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg