БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ - ПАДИДАИ ХАТАРНОКУ НОМАТЛУБ

АНДЕША. Бо мақсади фаҳмонидани оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуби ҷомеа, амсоли терроризму экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бевосита Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат ба таъкид хатари ҷиддии таҳдиди терроризмро баён намуда, аз ҷумла таъкид карданд: «Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем». Дар робита ба ин таъкиди Сарвари давлат, қариб ҳамаи сохторҳои қудратии мамлакат, вазорату идораҳо, созмонҳои ҷамъиятӣ ва кулли мардуми кишвар бори дигар масъулияти хешро эҳсос карда, ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо, конфронсу маҳфилҳо ва чопи маводи аксултеррористӣ дар васоити ахбори оммаи мамлакат шурӯъ карда, хушбахтона бо ин амали хеш сазовори дарку фаҳмиш ва боварии ҷавонон гардидаанд.

Стратегияи мубориза бо терроризм ва экстремизм кори на танҳо Ҳукумат ва сохторҳои он, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм ин, пеш аз ҳама, эҳёи фарҳанги асили миллӣ ва тарғиби ғояи сулҳу амният дар Тоҷикистон дониста мешавад. Бо мақсади қувват бахшидан дар ин самт, Ҳукумати мамлакат пайваста чора меандешад ва насли ҷавони кишварро ба ҳамкории зич даъват менамояд. Бо дарки ин омил, бевосита аз ҷониби Сарвари мамлакат эълон гардидани соли 2017-Соли ҷавонон худ гувоҳи таваҷҷуҳи хос ба ояндаву инкишофи ҳамаҷонибаи насли ҷавон арзёбӣ мегардад. Имрӯз, ҷавонони мо қариб дар тамоми соҳаҳои ҷамъият бо шумораи беш фаъолият мебаранд, кору таҷриба меомӯзанд, ҳадафҳои созанда пешниҳод мекунанд, мехонанд, ҷӯё ҳастанд ва пайваста барои ободиву оромии Ватан саҳмгузорӣ мекунанд, ки ҳамаи ин боиси ифтихор аст. Вале боз ҳастанд, ҷавонони сустиродаву камсавод ва беандешае, ки даст ба ҳар гуна амалҳои ношоям зада, ҳаёти худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Аз ҷумла чунин ҷавонон, имрӯз ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил мешаванд, ки хушбахтона шумораашон торафт кам гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай аксарияти эшон хатогии хешро дарк карда, даст ба амалҳои шоиста ва ободкорӣ мезананд.

Иботов Диловар, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg