
ДӮСТӢ. Вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 28 октябри соли 2021 бо фаъолони ҳизб дар ноҳияи Дӯстӣ бармеояд, бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо сокинон, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии "Нуробод" ва "Деҳқонобод"- и ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ суҳбату вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб, намояндагони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, роҳбари ташкилоти "Авангард" дар ноҳия раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, домуллоҳои масҷидҳои панҷвақта иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъулини ҳизб оид ба пешгирии ҷавонон аз амалҳои экстремистӣ-террористӣ, вазъияти ба амаломада дар шаҳри Хоруғ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҳар як оила, инчунин омодагии аҳолӣ ба гузаронидани зимистон баромад намуданд.
Инчунин, дигар шахсони даъватӣ фикру андешаҳои хешро вобаста ба масъаоаҳои муҳими рӯз баён дошта, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки ба сафсатаву ҳангомаҳои бардурӯғ дода нашванд, фарзандони хешро дар роҳи ватандӯстӣ тарбия намоянду барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани азизамон дар корҳои ободониву созандагӣ саҳмгузорӣ кунанд.