БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИНО ДАР ҲАЁТИ ИНСОН НАҚШИ МУҲИМ МЕБОЗАД

АНДЕША. Кино ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаасту имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад. Кинои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро то андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Кино яке аз дастгоҳи бузурги идеологӣ аст, ки воқеан ҳам ба тафаккури ҷомеа таъсири амиқ мерасонад.

Воқеан ҳам, кино санъатест, ки тавассути он нерӯи ақлониву зеҳнии ҷомеаро метавон баланд бардошт. Ин рисолати синаморо ба назар гирифта, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: “Кино чун рукни фарҳанги ҷамъият, муҳимтарин воситаи таблиғу оммавӣ намудану густариш додани идеологияи давлатӣ ва миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ягон навъи дигари санъат онро иваз карда наметавонад”.

Аксарияти киноҳо мазмунҳои фалсафӣ дошта, аз воқеъаҳои марбут ба зиндагии воқеии инсон таҷассум гардидаанд. Маҳз ана ҳамин хислату хусусиятҳо сабаб мегардад, ки ба тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон таъсири амиқ расонад.

Хулоса, тавассути кино инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеа худшинос мешаванд. Кино, қатъи назар аз он ки интернет ва васоити дигари муосири техникӣ ҷояшро танг мекунад, дар ҷомеа эътиборашро ҳанӯз аз даст надодааст ва дар боло бурдани рӯҳияи милливу хештаншиносӣ нақши калидӣ мебозад.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg