БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ПАРТАВИ ИН ПАРЧАМ ОЯНДА НАМОЁН АСТ

АНДЕША. Дар иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари дигар масъалаҳо “Дар бораи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд. Аз ҷониби вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз баромади Академик Муҳаммад Осимӣ дар бораи моҳият ва аҳамияти қабули рамзҳои давлатӣ хуб пазируфта шуд.

Чун ба таърих назар афканем, аввалин парчамбардорони таърихӣ ин аҷдодони мо буда, барои адолат, озодӣ ва сулҳу субот Парчамро пойдор доштанд.  ҷДар гузаштаи мо ҳар як қаҳрамон дирафши худро дошт. Парчами Рустам, Парчами Сиёвуш, Парчами Гев ва Парчами умимие, ки Гударз посдорқ нигаҳбони он буд. Дар ҳар як Парчам тимсол ва ё намунае вуҷуд дошт, ки ифодагар ва муаррификунандаи шарафу номуси халқу миллатҳост. Ҳангоме, ки давлате мағлуб гардида, ба нестӣ меравад, парчамаш нолозим мегардад. Дар муҳорибаи Рустам бо Афросиёб, Афросиёб мағлуб гардида, роҳи гурезро пеш гирифт, парчамаш низ аз байн рафт. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам бо шикаст хӯрдани Германияи фашистӣ низ ҳамин ҳолат рух дода буд.

Бо ғолиб омадани як тан варзишгар дар миқёси байналмиллалӣ Парчами ҳамон давлат бардошта мешавад.

Парчам дар қисмҳои ҳарбӣ низ барафрохта мешавад. Илова ба ин ба ҳар як қисми ҳарбӣ аз номи Президенти мамлакат Байрақи ҷангӣ супорида мешавад, ки он дар тамоми давраи мавҷудияташ нигоҳ дошта мешавад. Барои нигоҳдории он сарбозони беҳтарин таъин мешаванд. Ҳангоми аз назди он гузаштан тамоми низомиён, новобаста аз рутбаю мансаб, даст ба кулоҳ бурда, эҳтироми ҳарбиро ба ҷо меоранд.

Хушбахтона бо баракати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талошҳои ин фарзанди фарзонаи миллат дар тамоми гӯшаю канори Ҷумҳурӣ Парчами миллии мо парафшон аст. Ва ин ба ҳар як фарди бонангу номуси миллат илҳоми тоза бахшида, водор менамояд, то пайваста талоши ободии Ватанро намояд. Моро мебояд аз Парчами миллӣ ифтихор намуда, эҳтироми онро ба ҷо оварда, эътибори онро ба насли наврас, фарзандони худ талқин намуда, барои парчамбардору номбардори миллату Ватан будан, ҳамеша талош намоем.

          Аз партави ин Парчам оянда намоён аст,

          Дар хати сафеди он тақдир шукуфон аст.

Раҷабзода  Маҳмадсаид, раиси   КИ  ҲХДТ дар  ноҳияи Темурмалик

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg