БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳонаи мардумӣ бо мақсади тарбияи маънавии ҷомеа

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эколог” вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот баргузор гардид.

Зимни мулоқот  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Эколог”, сардори Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб Миралиев Абдуваҳҳоб иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин баромад намуда, иброз дошт, ки тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон ба мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад.

Дар ин замина мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро зарур аст, дар роҳи тарғиби урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ ҷудо намудани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок ва дар роҳи тақвияту ваҳдату дӯстӣ ва ҳамрайъии ҳамватанон истифода бурдани онҳо пешқадам бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg