ВОКУНИШ. Аз дидану шунидани суханони М. Иқболи Садриддин собиқ истиқоматкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин арз мекунам.
Ин шахсият нисбати Ватани худ ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои-миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон пайваста суханони нодуруст ва ноҷо мегӯяд.
Ин шахсияти Худобехабар омада бо мо рӯ ба рӯ суҳбат кунад, чунки аз дасти чунин шахсони бемасъулияту беэмон ва бетарбия солҳои 1991-1992 ҳоли мардуми кишвар ба кадом дараҷа расида буд.
Президенти кишварамон ҷон ба кафи даст гирифта, ба тамоми мамлакатҳо сафар карда халқи худро ҷамъ оварда, соҳиби кор ва хонаю амвол гардонд. Тоҷикистон ва Пешвои моро зиёда аз 200 мамлакатҳои рӯи ҷаҳон ба расмият мешиносанд, ки ин заҳматҳои Президенти кишвар мебошад. Барои аз дур сухан гуфтан, Иқболи Садриддин худро шоҳи замон меҳисобад, ки ин кори зан мебошад, на мард. Мо бо ин суханҳо занҳоро паст заданӣ нестем, занҳои бонангу номуси Тоҷикистон, занҳое мебошанд, ки аз чунин мардҳои майдонғариб болотар ва волотар ҳастанд, ки номи онҳоро дар саҳифаҳои таърих бо хатти заррин навиштан лозим аст, зеро онҳо дар солҳои мудҳиши 1991-1992 аз ҳамин гуна мардҳо дида дар паҳлӯи Президенти худ ва барои барқарор кардани сохти Конститутсионӣ ба халқу меҳани худ хизмат карда буданд.
Иқболи Садриддин нафарест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун дилсӯзи халқ худашро муаррифӣ мекунад, ки мо зидди ҳар як сухани ӯ мебошем.
Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар хизмати халқ буду ҳаст ва хоҳад монд.
Хуб мешуд, ки Иқболак заҳматҳои кашидаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дуруст дарк мекарду мефаҳмид.
Бобомуродов Манучеҳр, мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён