БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИНДА БОШ, АЙ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

Точикистон, Точикистон,
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехохам, Ватан хастй бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагй кардан бас аст.

АНДЕША. Тоҷикистон кишвари бузургест, ки бо ҳамаи бузургиҳояш мардуми Суғду Хатлону Бадахшон, Панҷакенту Кӯлоб, Ҳисору Вахшу Варзоб барин мавзеъҳои бузургу номдорро Ватан аст. Ватане, ки чун модари азиз дӯсташ медоранду эҳтиром мекунанд. Ватане, ки ҳар хасу хору хоки он бошандагонашро муқаддасу гиромист. Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ӯст ва меваҳои рангину лазизаш мардуми бонангу номус ва бодонишу баори он машҳури дунё гаштаанд. Дар байни дигар давлатҳо имрӯз Тоҷикистон бо боигариҳои зиёду пурарзишаш, аз қабили пахта, гандум, об, ангишт, тилло, нуқра ва амсоли ин шуҳратёр аст.
Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Илова бар ин, Неругоҳҳои обию барқии машҳури он, ба мисли Варзоб, Нораку Роғун бо иқтидори бузургашон ҳосилкунандаи қувваи бузурги барқианд, ки ақли бинандаро мафтун мегардонанд.
Иншоотҳои бузурги ин кишвари азиз дар ҳар гӯшаву канори он тақвиятдиҳандаю далели ҳамаи гуфтаҳои болоанд.
Оре, дар кадом ҳолат, дар кадом сатҳу пояе, ки набошад, Тоҷикистон муқаддасоти арзандаи миллати тоҷик дониста мешавад.
Имрӯз марду зани ин сарзамин дар талоши илму адаб, фарҳангу маърифат ва кору фаъолиятанд. Дастовардҳои бузурги Истиқлоли кишвар ба онон қуввату мадор, тавоноӣ бахшида, онҳоро ба пешравиҳои бузург ноил гардонд. Имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат, чаманисгони дунёи орзуст. Имрӯз тоҷикон чун миллати номдор. шуҳратманду ҷахонгард, маърифатдӯсту тавоноанд.
Имрӯз ҳар фарди Тоҷикистони азиз дар паноҳи Офаридгори созанда дар нашъунамост.
Хулоса, сари таъзим меорам ба ҳар як обу хоку гулу гиёҳу мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубҳа, меболам аз он, ки ман низ як шахси кучаку меҳрпарвари ин сарзамини афсонавиам. Тоҷикаму чун миллати баруманд ифтихор дар ҷаҳон дорам. Насли поки Оли Сомонаму дар дил маъхази бузурги миллати тоҷик- меҳру муҳаббат, покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.

Ғафурзода Рухсора, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg