ВОКУНИШ. Истифодаи шабакаҳои интернети одати маъмулии ҳаррӯзаи аксарияти сокинон гардидааст, ки баъзе аз онҳо аз се ду ҳиссаи вақти худро дар истифодаи шабакаҳои интернетӣ сарф менамоянд. Албатта, барои як қисми онҳо манбаи даромад аст, вале аксарият инро барои вақтгузаронӣ ва бе манфиат истифода менамоянду халос.
Банда дар қатори дигар ҷавонони кишвар аз шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дар вақтҳои холигӣ истифода менамоям. Мутаассифона, санаи 25.11.2021 дар ин шабака хабари тазоҳуроти сокинони шаҳри Хоруғро дар пайи кушта шудани як нафар шунидаму бисёр афсус хӯрдам, зеро дар пойдоштани адолат дар қаламрави кишварамон ҳеҷ шаке надорам.
Ростӣ, хабари амиқи ин ҳодисаро натавонистам дар аввал пайдо намоям, зеро ҳар касе ба таври хоҳиши худ ва ба манфиати худ ҳодисаро шарҳ медоду аз ҳар нафар пуштибонӣ менамуд.
Баъдан, боз тариқи шабакаи иҷтимоии мазкур аз тарафи Маркази робитаҳои ҷамъиятии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабари пурраи ҳодисаи мазкурро тамошо намуда, огоҳӣ пайдо кардам, ки як гурӯҳ ҷинояткорон бо сардории Зиёбеков Гулбиддин як корманди прокуратураи ноҳияи Роштқалъаро ғайриқонунӣ гаравгон гирифтаву зери шиканҷа қарор додаанду бар замми ин навор намудаанд ва ба шабакаи иҷтимоӣ ҷой додаанд. Ин гурӯҳи ҷиноятпеша мехоҳанд бо ҳар роҳу васила оромии ин гӯшаи диёрро халалдор намуда, бо ин роҳ нуфузу эътибор пайдо намоянд.
Вале фаромӯш намудаанд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун як қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат қарор дошту дорад.
Ин гурӯҳ сабаби боздошти корманди прокуратураи ноҳияро ба он рабт медиҳанд, ки гуё ӯ як сокинзани ин ноҳияро озор додаву барои ишқбозӣ ҷалб кардан хостааст, аммо ин гуфтаҳо агар дуруст ҳам мебуданд, набояд ин гурӯҳи ба таври худхоҳ амал кардаву як нафарро зери шиканҷаю муҳосира қарор медоданд. Зеро роҳҳои қонунии ҳар як масъала вуҷуд дорад, агар чунин буд, пас бояд ба мақомотҳои дахлдор ариза менамуданду ба таври қонунӣ аз ин зан ҳимоят менамуданд.
Ин амалкарди онҳо боиси поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва фалаҷшавии боварии сокинон ба мақомотҳои давлатӣ мегардад. Бо вуҷуди содир кардани ҷиноят набояд бо кормандони мақомотҳои қудратӣ зиддият нишон доду аз пушти як гурӯҳ ва ё як нафар оромии тамоми ноҳияро халалдор намуд.
Бинобар ин, ман аз ҳамаи сокинони сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, алалхусус ноҳияи Роштқалъа даъват ба амал меоварам, ки ба дасисаю иғвоангезии тарафи манфиатхоҳ гӯш надода, баҳри нигоҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу суботи сартосарӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро ободии Ватан ин ободии ҳар яки мост!
Худойдод Ёров, сармутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон