АНДЕША. Тоҷикистон кишвари бузурге мебошад, ки меҳрофарину дилнишин, дилфиребу назаррабо ва зеботарин марз дар рӯи олам барои мардуми тоҷик аст. Сарзамини биҳиштосо, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандони шуҳратёр ба мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ҷомиву Сино, Турсунзодаву Айнӣ, Миршакару Лоиқи роздону нуктафаҳм ва амсоли ин садҳо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд.
Тоҷикистон ҷойгаҳи бузургону сарзамини фарҳангдӯстон аст. Имрӯзҳо чун як Тоҷикистонии кӯчак бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидори мо, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт, алҳол мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Зеро тайи си сол аст, ки онро фарзанди фарзонаи миллат, инсони бузургу дарёдил ва ҷаҳондидаву кордон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунанд. Бо заҳмати гарону ранҷи беандозаи ин марди хирад Тоҷикистон соҳибистиқлолу озод гашт ва мардуми соҳибхиради ин сарзамин аз хурд то бузург амну осуда дар кишвар кору фаъолияти босамар намуда, якдигарро эҳтирому эътироф мекунанд ва шукргузорӣ аз Роҳбари ғамхору Ватани ҷоноҷони хеш мекунанд.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз ба рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Бигзор, сулҳу ваҳдат, ободиву созандагӣ, рушду такомул ва навовариҳо дар сарзамини Тоҷикистон пояндаву абадӣ бошанд.
Умедаи Акрамзода, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон