АНДЕША. Мусаллам аст, ки ҳар як давлату миллатро бо муқаддасоти миллӣ, забон ва фарҳангаш дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносанду эътироф менамоянд. Муқаддасоти миллии ҳар як халқу миллат рамзи асосии давлатдорию соҳибистиқлолии онро муаррифгар мебошад. Парчам яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории мо тоҷикон ба шумор меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти худро ба даст овардааст ва бо ба даст овардани соҳибистиқлолии худ рамзҳои давлатии худро тасдиқ кардааст. Боиси зикр аст, ки дар Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози 16-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-уми ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуда, Тоҷикистон соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлатӣ гардид. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди Парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда, чун нишони эҳтирому арҷгузорӣ онро бӯсид.
Парчами давлатӣ омили асосии пешрафту тараққиёт, тинҷию амонӣ, сарсабзию хуррамӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ба таърих назар афканем, аҷдодони мо парчамро чун рамзи бедорӣ ва мубориза алайҳи зулм офарида, онро Дирафши Ковиён, Ливо, Парчам, Байрақ ном мебурданд. Таърихи навини давлатдориамон ишора бар он дорад, ки эътибору шарафи миллату давлати тозабунёди тоҷикон аз парафшонии Парчами давлатӣ сарчашма гирифта, барои сокинони дилогоҳу ватандӯст он чун нишони муқаддас шоистаи эҳтиром ба шумор меравад.
Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 24-уми ноябри соли 2009, 24-уми ноябрро ҳамчун ид, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҷашн мегирем. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки сокинони Тоҷикистони азиз бо раҳнамоиҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зери Парчами давлатии худ манфиатҳои умумимиллиро ҳифз намуда, истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии Ватан, ягонагии забону фарҳанг, муносибатҳои пешрафтаи ҷамъиятӣ, мавқеи сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ва тантанаи сулҳу суботи диёрро чун гавҳари чашм муқаддас дониста, дар фазои орому осуда кору фаъолият доранд.
Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар аст, ки муқаддасоти миллӣ, Парчами давлатӣ, ки рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву давлатдорӣ ва сарсабзию хуррамии сар то сарии мамлакатамон мебошад, арҷ гузошта онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.
Сабоҳат Салимова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Вахш