ВОКУНИШ. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба сари давлати мо, яъне Тоҷикистони азиз омад ҳамагонро аз хонаву дар, падарро аз писар, писарро аз модар, аз хешу ақрабо ҷудо кард. Тоҷикистонро пароканда намуд. Ҳама шаҳру деҳотро вайрону валангор намуд. Бисёр ҷавононро марг ба коми худ бурд. Ҳар рӯз гиряи модарон ба фалак мепечид садои ғижжаки Темури Умар бо марсияи:
Фарзанд рафт, дидаи равшан хароб шуд,
Дил об шуд бирехт, ҷигарҳо кабоб шуд.
дили шунавандаро реш-реш мегардонд.
Хушбахтона, Худованд ба мо як шахси бузургу меҳрубон ва саховатпешаро ато намуд. Ин марди накӯкор ва дурандеш бо шири сафеди модараш савганд хӯрда дилпурона ва бо сари баланд ба мардуми парешону ғамзада ваъда медиҳад, ки Тоҷикистонро аз нав обод карда, мардуми парешону роҳгумзадаро аз ҳар гӯшаву канор ба назди хешу таборанашон баргардонд.
Бо шарофату бузургии ин марди далер ва шуҷоъ мо Истиқлолиятро ба даст оварда соҳиби Парчам, Нишон, Конститутсия ва Суруди миллӣ гардидем. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо, муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳо, боғу гулгаштҳо бунёд намуда, Тоҷикистонро рӯз то рӯз ободу зебо гардондааст. Пешвои миллат аз ҳоли бепарасторону маъюбон ҳамеша бохабар аст, то ки дурии худро аз наздиконашон ҳис накунанд. Кумаки падаронаи худро ҳамеша ба онҳо мерасонад. Вале афсӯс ашхоси бесаводе ҳастанд, ки нисбати ин марди саховатманду ғамхор суханони қабеҳу дурушт мегӯянд. Мо ба ин гуна бешахсиятҳо монанди Иқболи Садриддин, Муҳиддини Кабирӣ ва дигар хиёнаткорон, мардумфиребоне, ки нисбати ин шахси баруманд, ғамхор ва меҳрубон суханони қабеҳ мезананд, лаънат мегӯем. Ин гуна бешахсиятҳо бехабар аз онанд, ки марди бузург чи қадар талошу корнамоӣ баҳри мардум нисор кардааст. Ин хоинон дар шабакаҳои интернетӣ баромад намуда, ин марди ғамхорро ҳар гуна суханони бад мегӯянд, ки ин аз рӯйи ақлу хирад нест. Ин гуна бешахсиятҳо орзу доранд, ки боз дубора ҷанг барпо намоянд. Ба сари мардуми бечора боз он рӯзҳои шумро оранд. Дар ниҳоди онҳо инсоният ҷойи худро гум кардааст.
Мо бо сари баланд ва дилпурона бо гуфтаҳои Пешвои муаззам ва роҳнамоиҳояш ҳамеша ба пеш қадам мегузорем. Намегузорем, дубора ин Ватани азиз вайрону пароканда шавад. Шукргузор аз онем, ки дар чунин Ватани зебову обод, тинҷу ором умр ба сар мебарем. Ҳамаи ин аз шарофату бузургии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо суханони ин марди Худододро шиори кори худ дониста, ҳамеша ба пеш равона мегардем. Аз Худои бузургу меҳрубон талаб дорем, ки ин абармарди тавоноро дар болои сари Тоҷикистониён ҳамеша нигаҳбон бошад. Мо ҳамеша ба пеш равонем.
Умаралиев А., мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар н.Кушониён