БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ – АРЗИШМАНДТАРИН МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

ВОСЕЪ. Парчам мояи ифтихори миллӣ ва арзишмандтарин муқаддасоти миллӣ пазируфта шуда, рамзи ҳастӣ ва пойдории давлат, ормони мардуми соҳибтамаддуни мост, ки афрохта шудани он аз давлати соҳибистиқлолу соҳибватанӣ башорат медиҳад. Ин рукни муҳими давлатдорӣ моро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр муаррифӣ намуд.

Зимнан бахшида ба ин рӯзи таърихӣ, яъне рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия роҳпаймоӣ сурат гирифт.

Ҷавонон бо ифтихор, сарфарозӣ ва шукргузорӣ аз давлати тинҷу ороми хеш парчамҳоро баланд бардошта, садоқату эҳтироми хешро нисбати ин муқаддасоти миллӣ баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg