ВОСЕЪ. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми тоҷик мебошад.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҳудуди ноҳия аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Эй дӯст муборак аст, Рӯзи Парчам!” баргузор гардид.
Зимни баргузории аксияи мазкур масъулини ҳизбӣ сокинонро бо ин ҷашни бошукӯҳ табрику муборакбод намуда, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба онҳо парчам, ки ҳамчун рамзи иттиҳоду сарҷамъист тақдим карданд.