ҚУБОДИЁН. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба пешбурди тарзи ҳаёти солим ва дар асоси нақша-чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар варзишгоҳи мактаби варзишии ноҳияи Қубодиён чорабинии варзишии намуди гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур хонандагони синфҳои 10-11 ва таълимгирандагони мактаби варзишии ноҳия байни худ қувваозмоӣ намуданд.
Чунончӣ қайд карда шуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқаи намуди гӯштини миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим буда, ҷабҳаи дигари он дар замири ҷавонон ҷо намуди худшиносии миллӣ ва эҳёи анъанаҳои мардумии тоҷикон мебошад. Чунки ин намуди мусобиқа ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳои миллӣ доир карда мешаванд.
Дар охири мусобиқаи варзишӣ ғолибон аз ҷониби доварон муайян карда шуда, бо туҳфа ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён сарфароз гардонида шуданд.