ДАНҒАРА. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Даштаки ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳия вохӯрӣ бо мардум гузаронида шуд.
Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримов Пирмаҳмад доир ба суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки беш аз 1500 коршинос аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, доир ба иқдомоти Пешвои миллат дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ карда шуд.
Чунин мулоқоту вохӯриҳои судманд аз ҷониби ҳизбиёни ноҳияи Данғара бо сокинони маҳал идома доранд.