БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САВОЛУ ҶАВОБ МИЁНИ СОКИНОН

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, маълумот пайдо намудани шаҳрвандон оид ба моҳияти Парчами давлатӣ ва тарғиби Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳия саволу ҷавоб миёни шаҳрвандон доир гардид.

Зимни саволу ҷавоб масъулини ҳизбӣ сокинонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо оид ба  Парчами давлатӣ се саволӣ пешниҳод карданд ва шахсоне, ки ба саволҳо ҷавоб гардониданд туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроия тақдим карда шуд.

Бояд қайд намоем, ки аз ин иқдом сокинон шод гардида, миннатдории хешро пеш аз ҳама ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, дар болои сари халқи тоҷик абадан парафшон мондани Парчами давлатиро таманно намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg