ШАҲРИТУС. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва иштироки волонтёрони назди Кумитаи иҷроия Аксияи ҳизбӣ бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шаҳрвандон дар боғи фарҳангии ноҳия, дар кӯчаву хиёбонҳои маркази шаҳраки Шаҳритус бо саволу ҷавоб доир намуда, инчунин шаҳрвандоне, ки ба саволҳо дуруст ҷавоб доданд, Парчами хурди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.