БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАРЗИШ БЕҲТАРИН ВОСИТАИ МУАРРИФИИ МИЛЛАТ АСТ

ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” байни хонандагони Литсейи давлатии №2-и шаҳр, мусобиқаи шоҳмот ва бозии волейбол гузаронида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар таърихи фарҳанги миллӣ, ки варзиш ҷузъе аз он маҳсуб меёбад, обутоб додани бадан ва муҳимтар аз ҳама, таҳрики фикру андеша ҳадафи асосӣ дониста мешудааст.

Аз ин ҷост, ки варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан аз аслҳои фарҳанги варзишӣ дар ҳавзаҳои фарҳангии бумӣ пазируфта мешавад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст.

Дар фарҷоми мусобиқаҳо хонандагони Литсей фаъолона ширкат намуда, бозиҳои дӯстона анҷом доданд ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg