БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМАТ ТО АБАД ПАРАФШОН БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

АНДЕША. Парчами давлатӣ  рамзи истиқлолияту якдилӣ маҳсуб ёфта аз қадим ифодагари  муттаҳидӣ  ва ягонагии  ҳар халқияту  миллат мебошад.  Дарвоқеъ Парчами миллӣ яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдории мо тоҷикон буда,  аҷдодони мо ҳанӯз аз  даврони Каёниён соҳиби ливои худ  буданд, ки соҳибдавлат  буданамонро ифода мекард.

Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ  бидуни шаку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи хоси худро дорад. Парчами давлати соҳибистиқлоли мо нишона аз куҳанбунёд будани миллат,  таъриху фарҳанги пурғановати миллати таърихи қадимдоштаи тоҷики тоҷдор ба ҳисоб меравад. Тавре Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «Халқи тоҷик  аз замонҳои хеле қадим то даврони навин  ба суннати парчамдорӣ арҷи хосса мегузорад ва ин амалро беҳтарин нишонаи ҳуввияти миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ мешуморад».   

Хушбатона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат  тамоми тоҷику тоҷикистонии дохилию бурунмарзӣ соҳиби парчами миллии худ гардиданд, ки ин нишона  аз ояндаи дурахшони миллату давлати мо мебошад. Дар ҷаҳони кунунӣ  доштани парчами миллӣ  ин нишона аз истиқлолият ва яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Парчами миллӣ баёнгари иқболу истиқлол, ҳамдастӣ, сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми сарбаланди мо буда волотарин мақсаду мароми мо тоҷиконро дар тобиши дурахши рангҳои пурмазмуни  худ инъикос намудааст.

Ниҳоди Парчам аз нигоҳи умумии мардум на ҳамчун лавҳаи  рангоранг, балки нишонаи қудрат истиқлолият ва ваҳдати миллати тоҷик  аст. Мо тоҷикон бояд ифтихор аз он доштабошем, ки аз тамаддуни ориёии беш  аз шашҳазорсола баҳрамандем ва соҳиби ҳуввияти баланди миллӣ ҳастем.

Аз ин рӯ, моро мебояд  бо сарфарозӣ  аз  ватандориву  ватандӯстӣ зери Парчами давлатӣ муттаҳид гардида,  дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон барои ободию якпорчагии Ватани азизамон  пайваста ҷидду ҷаҳд намоем.  

Рӯзи Парчами миллӣ муборак,  ҳамватанони азиз!

Мирзобаротзода Салоҳидди, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg