БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ НОМУСУ НАНГ

Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,

Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,

Раҳнамо бар шаҳраҳи авҷи саодат гаштааст.

АНДЕША. Соли 2011 баландтарин парчам дар ҷаҳон бо баландии 165 метр дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон - шаҳри Душанбе қомат афрохт, ки ин нишони арҷгузорӣ ба гузаштаи миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. Имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медиҳад.

Рӯзи Парчами Тоҷикистон дар саросари кишварамон ҳамчун яке аз ҷашнҳои умумимиллӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Рӯзи Парчам дар қатори дигар ҷашнҳои миллӣ муқаддас ва рӯзи фаромӯшнашаванда мебошад.

Парчами давлатӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ муқаддас буда, баробари Нишон, Суруди миллӣ ва Забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон боиси ифтихор мебошад. Хусусан, дар вақти иҷрои Суруди миллӣ, ҳангоми баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашну ҳамоишҳои пурнуфузи ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ, ҳамчунин мавриди ғалабаи варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳисси миллиро баланд бардошта, дар бештар ҳолат дар чашмҳо ашки шодӣ ҳалқа мезанад.

Калимаву ибораҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони модарӣ, Президент, марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисси меҳанпарастиву ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва миллатдӯстиро бедор намуда, касро эҳсоси гарм ва фараҳбахшу гуворо фаро мегирад.

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, нишона ва аломатҳои муҳими соҳибдавлатию соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, обрўю эътибор, шаъну шарафи давлати соҳибистиқлоли кишварамон буда, на танҳо барои сокинони кишвар азизу гиромианд, балки барои ҳамватанону форсизабонони бурунмарзӣ низ боиси ифтихору шодӣ мебошанд.

Парчам рамзи ҳокимияти давлатӣ буда, мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлат ифода мекунад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар бинои Созмони миллали муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳад.

Бигзор, Парчами давлатӣ болои сари миллати тоҷик абадан ҷилвагар ва парафшон бошад! Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамватанони гиромиқадр!

Ҳасан Ғуломов, мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg