БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ – РАМЗИ САОДАТ ВА САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Парчам рамзи саодат, рамзи хушбахтӣ, рамзи сарбаландиву сарафозӣ, нишонаи миллату муаррифгари давлат дар саҳифаи таърих ва арсаи байналмилалӣ аст.

Парафшонӣ ва болобаландии парчам барои ҳар фарди ватандӯст нишонаи ободиву озодӣ ба ҳисоб рафта, пойдевори нангу номуси кишвар аст. Ҳамин бузургӣ ва эҳтироми парчам аст, ки халқи тоҷик аз қадим онро ҳамчун як муқаддасоти миллӣ ва нишонаи пешрафту музаффарият медонистанд, ки ин анъана то ба имрӯз  побарҷост.

Имрӯзҳо парчами кишвари мо дар созмонҳи бонуфузи байналмилалӣ парфшонӣ намуда, муаррифгарӣ миллати сарбаланди тоҷик гаштааст. Дар баробари ин ҳар варзишгари кишвар дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, пеш аз ҳама, орзуи онро дорад, ки дар мусобиқа муваффақ шуда, парчами давлатиро болои сар бардорад ва аз тоҷику тоҷикистонӣ буданаш ифтихор намояд.

Яъне, парчам нишону ифтихори ҳар фарди ватандӯсту ватандор дониста шуда,  дар ҳар ранги вай хуни шаҳидону қаҳрамонони миллат, бахту  саодати кишвар ва сарсабзиву хуррамии Ватан нуҳуфта, тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Аз ин хотир, месазад, ки баҳри сарбаланду парафшон буданаш ҷони хешро нисор кард, чунки рисолати аслии парчаму парчамдорӣ низ ҳамин аст.

Замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мавқеъ ва нуфӯзи парчам дар кишвари азизамон боз ҳам боло рафт. 24-уми ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳ ва шакли нав қабул карда шуд, ки он яке аз муқаддасоти олии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаҳон баландтарин пояи парчамро сохтан низ рамзи хосса дорад. Аз ин рӯ, дар остонаи 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе соли 2011 баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии сутунаш 165 метрро ташкил медиҳад, барафрохта шуд. Он ҳамчун баландтарин парчам дар ҷаҳон эътироф гашта, ба китоби “Рекодҳои Гиннес” шомил карда шуд. Инчунин, тӯли солҳои соҳибистиқлолии давлат парчами мамлакати мо борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта шуда, он дар баландтарин қуллаи Помир, дар баландтарин нуқтаи Антарктида (қуллаи Винсон, 4892 м) ва тӯли 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд. Ин дастоварди беназир бори дигар Тоҷикисонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.

Имрӯз мо - тоҷикон ифтихор аз он мекунем, ки дар марҳилаи ҷашнгирӣ аз 30- юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарор дорем. Бахшида ба ин санаи муборак ва ҳидояту дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар шаҳру ноҳияи кишвар Парчами давлатӣ қомат афрохта истодааст, ки дар баробари он сари ҳар як тоҷики асил низ ба осмон мерасад. Моро низ зарур аст, ки ба қадри ободиву озодӣ ва сарфарозии парчами Ватан бирасем ва кӯшиш намоем, ки он ҳамеша дар баландиҳо парафшон бошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳаватанони азиз!

Умедҷони Каримхон, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg