БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эшони Қиёмиддин парда аз рӯи ифлоси наҳзатиҳои лаънатӣ бардошт

ВОКУНИШ. Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минатқавӣ ва ҷаҳонӣ, имрӯз амният ва мавҷудияти аксари кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минатқавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ ё умумиҷаҳонӣ гирифтааст.

Мутаасифона, баъзе аз шахсоне ба монанди Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ё худ эшони Қиёмиддин  ҳастанд, ки дур аз асолати хеш монда, бо ҷаҳонбинии тангу торикӣ худ пешравиҳо ва муваффақиятҳои Ватанро нодидагирӣ карда ва сангҳои хоинонаи худро ба сӯи миллат худ мепартоянд. Дар ҳақиқат Қиёмиддин Ғозиев парда аз рӯи ифлоси наҳзатиҳои лаънатӣ бардошта, ниятҳои нопокашонро ифшо сохт.

Гурӯҳи наҳзатиҳо мисли ҳашароти зараррасон пайваста мехоҳад ҷаҳон пур аз зулмот бошад ва бо паҳн кардани ақидаҳои муғризона насли ҷавонро мағзшӯӣ карда, бо роҳи ҷаҳолату хиёнаткорӣ бурданианд. Имрӯз терроризм ва экстремизм хусусияти ҷаҳонӣ пайдо кардааст, ки ваҳшонияту даҳшатро бар болои инсонҳои дунё оварда истодааст. Ҳамарӯза амалиётҳои гуногуни онҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва садҳо таркишҳову ҳазорон ҳазор қурбонии ин таркишҳо далели гуфтаҳои боло мебошад

Бо инобати ин вазъият фарзандони далеру ғаюри кишвар бояд ба эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ бо давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир дар ҷойи аввал қарор диҳанд.

Мирзоалиев Парвиз – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg