АНДЕША. Парчам дар таърихи ҳар як давлату миллат ҷойгоҳи махсуси худро дорад ва ҳар як давлатро аз рӯи парчамаш мешиносанд. Парчами давлатии Тоҷикистон ҳам яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, нишонаи ҳастӣ ва мавҷудияти давлат мебошад. Парчами мо аз даврони Куруши Кабир сарчашма гирифта, то ба имрӯз рамзи давлатдорӣ ва ғурури миллии мост.
Воқеан ҳам, Парчам таърихи қадима дошта, ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну муҳтавои ватандӯстона бахшида аст.
Бояд қайд намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони сиҳибистиқлол 24-ноябри соли 1992 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Дар Парчами давлатии мо иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва ҳимояи марзу буми мо таҷассум ёфтааст.
Қабули Парчам дар давраи вазнини таърихӣ муттаҳидкунандаи мардум, ба вуҷудоварандаи ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ифтихору руҳбаландӣ буд. Мавриди зикр аст, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор рафта, бо дидани он ифтихори ватандорӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд боло мегирад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед ва умед ба сӯи ояндаи дурахшон аст.
Парчами давлатии Тоҷикистон пештоқи бинои Созмони Миллали Муттаҳид, майдонҳои Парчами ҷумҳурӣ, шаҳру ноҳияҳо, варзишгоҳҳо ва пешгоҳи мақомотҳои давлатиро зебу зинат ва шукӯҳу шаҳомат мебахшад.
Соли 2021 ҷашни Рӯзи Парчами миллӣ дар рӯзҳое рост омад, ки мардуми шарафманди кишварамон 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намуданд, ба ин муносибат садҳо майдонҳои Парчами давлатӣ сохта шуда, ба ҳусни кишварамон зебоиву маънавиёти баланд бахшиданд, ки мо аз ин комёбиҳо ифтихорманду сарбаландем.
Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ба ҳамагон мубораку хуҷаста бод!
Нурализода Малика, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён