БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ – РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲАСТИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Парчами миллиамон нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд.

Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини ҳар сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад.

Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлат инъикос меёбанд. Гузаштагони мо дар Парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи оини ҷавонмардиву тавоноӣ истифода менамуданд.

Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Парчам рамзи озодӣ, шукуфоӣ, ояндаи дурахшон ва мояи ифтихори ҳар халқи соҳибдавлат аст. 24- ноябри соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард. Яке аз санадҳои муҳиме, ки Парчамро рамзи давлатӣ эълон менамояд, ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои чоркунҷаест, ки аз се рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мо байн якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ он ҳафт ситора дар шакли нимдоиракашидашуда аст.

Эҳтироми Парчами давлатӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди бонангу номуси кишвар ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо парчами мо чун рамзи давлатдории тоҷикон ва ҳастии миллат дар пешгоҳи биноҳои бонуфузи ҷаҳонӣ барафрохта шудааст.

Парчами давлатӣ аз муҳимтарин муқаддасоти давлатии мост. Чӣ қадар муассиру ҳаяҷонбахш буданд, лаҳзаҳое, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри садоқат ба халқу Ватан, хизмати фидокорона ба мардум  қасам ёд карда, сари таъзим ба Парчами давлатӣ фуруд овард ва ба камоли эҳтирому эътиқод гӯшаи онро бӯсида ба чашм молид.

Парчаму парчамдорӣ ба халқи мо аз аҷдодони гузашта мерос мондааст. Дар асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” муборизаи Коваи оҳангар ба муқобили Заҳҳоки хунхор оварда шудааст. Коваи оҳангар пешдомани худро, ки ранги сурх дошт, дирафш кард ва халқи азияткашидаро ба мубориза даъват намуд.

Мардум дар зери ин парчам,  ки бо номи Дирафши Ковиён машҳур аст. Ҷамъ омаданд ва бар Заҳҳок ғолиб гаштанд. Дар ҷаҳони имрӯза ҳар давлати мустақилу соҳибихтиёрро тавассути парчами он мешиносанд.

Дар пойтахти мамлакати мо шаҳри Душанбе соли 2011 манораи Парчами давлатӣ бо баландии 165 метр бунёд гардида, ҳамчун баландтарин парчами ҷаҳон эътироф гардид.

Маҳз сарчашмаи ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар арафаи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода додани якчанд парчами давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди истифода дода шуд.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ мебошад. Зеро парчам дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб мешавад.

Парчами давлатии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик ва миллати тоҷик мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ситоиши Парчами давлатӣ чунини иброз намудааст: “Ҷашни Рӯзи Парчам эҳтиром ба рӯҳӣ қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷонисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд, эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир. Шераку Деваштиҷ, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост”.

Парчами давлатӣ яке азрамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Парчами давлатӣ ҳар як фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Мунаввараи Бозоралӣ,  мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg