АНДЕША. Парчам яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хосса дорад. Парчамдории миллати мо таърихи зиёда аз 4000-сола дошта, дар ифодаи мавҷудияти давлатамон истифода гардидааст.
Таърихи парчамдории мо аз замони Куруши Кабир сарчашма гирифта, маъмултарини он парчами Коваи оҳангар мебошад, ки дар таърих бо номи Дирафши коваёнӣ машҳур аст. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиштагӣ ва мубориза барои озодии Истиқлолият маҳсуб меёбад.
Ҳамасола, санаи 24-уми ноябр дар кишвари маҳбубу соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатӣ дар руҳияи баланди ватандӯстонаву садоқат ба арзишҳои миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин муқаддасоти миллӣ рамзи Истиқлолияти давлатӣ буда, бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ таҷлил гардида, боиси ифтихору сарафрозии мост.
Барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик Парчам нишони ҳастӣ, сарчашмаи қудрату тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва ифодагари ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз бо шарофати сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ Рӯзи Парчами давлатӣ аз 24-уми ноябри соли 2009 ҳамчун яке аз ҷашнҳои миллӣ қайд карда шуда истодааст, ки ин боиси ифтихору сарафрозии мо тоҷикон мебошад.
Пешвои муаззами миллат дар мавриди ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ таъкид кардаанд: «Ҷойи сарафарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавафшонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ - ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем».
Зери ин таъкиди Сарвари давлат ҳар яки мо вазифадорем, ки бо эҳсоси волои худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба Парчами давлатӣ эҳтироми самимӣ дошта бошем.
Қобили зикр аст, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди майдони Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо иқдоми тоза гирифт ва бо парафшонии ин рамзи муқаддас, мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, дар пешрафти Тоҷикистони азизамон саъю талош менамоем.
Шомалангова Миҷгона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён