ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди Қасри Фарҳанги шаҳри Левакант аксияи ҳизбӣ зери унвони “Парчамат бодо парафшон, эй Ватан!” доир карда шуд.
Дар аксияи мазкур аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант зиёда аз 800 адад парчамҳо ва нишони сарисинагӣ ба сокинон тақдим карда шуда, онҳоро ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик ва муборакбод намуда, қайд карданд, ки парчам дар баробари нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо, муқаддасоти давлатӣ ва рамзи баҳамоию ваҳдатофарӣ маҳсуб мебошад.