Ман ки зодаи Тоҷикистонам,
Дар дилам ранги туст эй парчамам.
Сурху сафеду сабз бо ахтари ҳафтҷило,
Гаштӣ дилрабои азиз бар халқи мо.
АНДЕША. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябри соли 1992-юм тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 11-уми декабри соли 1999 бо қарори рақами 892-юм аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Дирафши ковиёнӣ як рамзу нишона аз соҳибтамаддунии тоҷикон нишонаи давлатдорӣ ва иттифоқу сарҷамъии мардуми бузургу шарафманди тоҷикро нишон медиҳад ин аст, ки имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоии мамлакати азизамон ин муқаддасоти миллӣ парафшон мебошад. Ин нишон баробари дигар муқаддасоти миллиамон барои мардуми тоҷик азиз мебошад.
Парчам рамзи озодӣ, мустақилият иттифоқӣ, сарҷамъӣ ва демокративу ҳуқуқбунёдии миллату халқиятро нишон медиҳад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон волотарин муқаддасот мебошад, ки дар минбари Созмони Милали Муттаҳид парафшон мебошад. Ва ин аст, ки дар миқёси Осиё аз ҳама баландтарин Парчам ин Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ба даст овардани ин нишони муқаддас, яъне Парчами миллӣ ин заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мардуми азиятдидаи тоҷик ба даст овардааст. Шукргузор аз он ҳастем, ки дар чунин давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва соҳиби нишону Парчам ва Сруди милливу обод зиндагӣ, кору фаъолият ва таҳсил намуда истодаем.
Бунафшаи Нусратулло, узви фаъоли ҲХДТ, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и н.Кӯшониён